Раҳбари муаззами инқилоб : Донишгоҳ пеши роҳи султаи душманро мегирад
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ донишгоҳро яке аз бузургтарин мавонеъ дар муқобили султаи истикбор донистанд ва гуфтанд донишгоҳ пеши роҳ(ҷилав)и султаи душманро мегирад .
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ,Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз нухбагон ва истеъдодҳои бартари илмии Эрон бо баёни инки донишгоҳ яке аз бузургтарин мавонеъ дар муқобили султаи истикбор аст, тасреҳ карданд: Қудратҳои гарданкулуфти ҷаҳонӣ ҳадафашон султа аст .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Онҳо як рӯз бо аслиҳа, як рӯз бо фиреб ва як рӯз бо илм султа пайдо мекунанд .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки донишгоҳ пеши роҳи султаро мегирад хотирнишон карданд, агар чунончӣ тавонистед сатҳи илмии кишварро боло биоваред, дар муқобили султаи душман як монеъе эҷод кардаед .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ донишгоҳро як рукни муҳими пешрафти кишвар донистанд ва афзуданд ҳар чи донишгоҳро битавонанд ланг, таътил, хароб ва ноқис кунанд, барои душманони Эрон ва барои душманони пешрафти кишвар муғтанам аст .
Раҳбари муаззами инқилоб хитоб ба нухбагони Эрон таъкид карданд:Ҳузури шумо халлоқи умед аст ва дар ҳар ҷо ки бошед умедро ба вуҷуд меоваред .