Октябр 19, 2022 18:16 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Пешрафтҳои 40 сола нишондиҳандаи сиҳҳати таҳлили иниқоб аст
    Раҳбари муаззами инқилоб: Пешрафтҳои 40 сола нишондиҳандаи сиҳҳати таҳлили иниқоб аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори садҳо нафар аз нухбагон ва истеъдодҳои бартари илмии Эрон пешрафтҳои 40 солаи Эронро нишондиҳандаи сиҳҳати таҳлили ниқилоб аз ҷаҳон дар муқобили таҳлили ғарбгароҳо унвон карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо ишора ба таблиғоти мустамари ғарбиҳо аз аввали пирузии инқилоб то ба имруз мабни бар ру ба завол будани Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтанд: Онҳо барои ин иддао замонҳам таъин мекарданд ва ҳар бор мегуфтанд як моҳи дигар, як соли дигар ё панҷ соли дигар кори Ҷумҳурии Исломии Эрон тамом аст ва иддае низ дар дохил аз сари ғафлат ё бадхоҳи ин иддаоҳоро тарвиҷ мекарданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Мо таслим нашудем ва истодаем ва иншоаллоҳ ҳамчунон хоҳем истод.

Раҳари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба вуҷуди ду низоми таҳлили дар ин замина гуфтанд: Як низоми таҳлили муътақид аст кор ва исодагӣ дар муқобили ҳанҷорҳои фарогири ҷаҳонӣ ва қудратҳои бархоста аз ин ҳанҷорҳо ҳамчун Амрико бефоида ва сабаби аз байн рафтан аст ин афрод касонеро ҳам ки таҳлили дигари аз воқеятҳо ва ҷаҳон доранд мутаваҳим тасавур мекунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзунад: Аммо таҳлили дувум воқеъбинона бар ин асос аст, ки маҷмуъаи воқеятҳоро он ҳам на фақат воқеятҳои хуб балки воқеятҳои бадро бо ҳам мебинад ва бар асоси он ҳаракат мекунад.

Ишон таъкид карданд: Аммо воқеяти қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳаракати бар шитобиро, ки аз интиҳои қофила оғоз карда буд идома дод ва имруз ба наздикиҳои аввали қофила расида аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки донишгоҳиёни мо иҷоза надоданд кишвар муҳтоҷи ғарбиҳо бимонад дар тасриҳи гушаҳое аз ифтихороти нухбагон ва донишмандони кишвар ба таҳқиқот ва дастовардҳои пажуҳишгоҳи Руён дар арсаҳои ҳамчун селулҳои бунёдин ва шабеҳсозии ҳайвони зинда пешрафт ва биюшимӣ, партоб ва интиқоли моҳвора ба фазо, дастовардҳои бунёди дар саноати ҳастаӣ, тавлиди ваксинаҳои печида аз ҷумла ваксинаи корона ва пешрафтҳои хиракунанда дар саноати мушакӣ ва паҳподи ишора карданд.

 

Барчасп