Октябр 19, 2022 18:37 Asia/Dushanbe
  • Мавқеъияти паҳподҳои эронӣ дар инҳидоми мавозеъи душмани фарзи
    Мавқеъияти паҳподҳои эронӣ дар инҳидоми мавозеъи душмани фарзи

Паҳподҳои размии неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар севумин руз аз баргузории размоиши иқтидор бо мувафақият мавозеъи душмани фарзиро дар минтақаи Арас мунҳадим карданд.

Размоиши неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо шиъори "Эрони муқтадир" рузи душанбе дар минтақаи умумии Арас дар шимоли устонҳои Озарбойҷони шарқи ва Ардабил оғоз шуд ва ба муддати се руз идома хоҳад дошт.

Ба гузориши ИРНА дар севумин рузи баргузории размоиши иқтидори неруи заминии Сипоҳои посдорон неруҳои вижаи Сипоҳ бо иҷрои амалиёти ҳуҷуми ҳавоӣ ва ҳавобурд бо баҳрагири аз чархболи MI-17 бар руи минтақаҳои аз пеш таъиншуда пиёда ва тамрини тасаруфи иртифоъ ва ҷодаҳои иртиботии душманро ба манзури қатъи роҳҳои пуштибони тамрин карданд.

Дар ин размоиш барои нахустин бор насби пули шиновар ба манзури неру ва таҷҳизот руи рудхона тамрин шуд.

Ягонҳо ва риштаҳои тахасусии неруи заминии Сипоҳ низ сенарюҳои амниятӣ ва дифоъиро ба сурати таркиби тамрин карданд.

Паҳподҳои размии неруи заминии Сипоҳ низ бо мувафақият мавозеъи душмани фарзиро дар минтақаи Арас мунҳадим карданд ин паҳподҳо, ки тавассути ҷиҳоди худкифоӣ неруи замини тароҳи ва тавлид шуд муҷаҳаз ба сариҷанги қудратманд буд ва бо баҳраманди аз ҳуши маснуъи қодир ба инҳидоми анвоъи мавозеъи ва истеҳкомоти душман ҳастанд.

Ҳамчунин паҳподҳои назорати ва муроқибатии неруи заминии Сипоҳ маъмурияти расад ва поиши минтақаи размоишро бо мувафақият иҷро карданд.

 

Барчасп