Декабр 07, 2016 20:39 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) таслият бод

Панҷшанбе, ҳаштуми декабри 2016 баробар бо ҳаштуми рабеъулаввали 1438 мусодиф бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) аст.

Ҳазору 177 соли пеш дар ҳаштуми рабеъулаввали соли 260 ҳиҷрии қамарӣ, ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз наводагони гиромии Расули акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар шаҳри Сомиро дар Ироқи имрӯзӣ ба шаҳодат расид.

 Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар соли 232 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳр Мадина мутаваллид шуд.

 Падари гиромиашон ҳазрати имом Ҳодӣ (а) аз наводагони Паёмбари ислом (с), ороста ба беҳтарин камолот ва фазоили инсонӣ буд ва модари он бузургвор, зане донишманду бофазилат ва хайрхоҳ буд.

 Имом Ҳасани Аскарӣ (а) пас аз шаҳодати падар, раҳбарӣ ва заомати дини мусулмононро ба ӯҳда гирифт.

 Ин имоми бузургвор дар мактаби илму дониши худ андешамандони бофазилатеро тарбият кард, ки ҳар кадом бо ба ҷой гузоштани осори мактуб дар заминаҳои гуногуни улуми исломӣ, қадамҳои муассиреро барои эътилои маорифи исломӣ бардоштанд.

 Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз шаш соли даврони имомати худ, се солро дар зиндони хулафои Аббосӣ гузаронд ва саранҷом дар 28-солагӣ дар давраи хилофати Муътамиди Аббосӣ ба шаҳодат расид.

 Радиои тоҷикии Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро ба дӯстдорони аҳли байти Паёмбари гиромии ислом (с) таслият мегӯяд.