Оташи сангини тупхонаи дар минтақаи размоиши Сипоҳ шимоли ғарби Эрон
(last modified Thu, 20 Oct 2022 12:01:21 GMT )
Октябр 20, 2022 17:01 Asia/Dushanbe
  • Оташи сангини тупхонаи дар минтақаи размоиши Сипоҳ шимоли ғарби Эрон
    Оташи сангини тупхонаи дар минтақаи размоиши Сипоҳ шимоли ғарби Эрон

Ягонҳои тупхонаи ва мушакии неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо иҷрои оташи сангин илова бар пуштибони аз неруҳои амалкунанда мавозеъ ва истеҳкомоти душмани фарзиро дар ҳам кубиданд.

Марҳалаи аслии размоиши иқтидори неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломи дар минтақаи умумии Араси устони Ардабил ва Озарбойҷони шарқи шимоли ғарби Эрон бо меҳварияти қароргоҳи Ошуро неруи заминии Сипоҳ рузи душанбе 17 октиябр оғоз шуд.

Ба гуфтаи генерал Муҳаммади Покпур, фармондеҳи неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти десантии чатрбози амалиёти тохти шабона, амалиёти размии чархболҳо, амалиёти паҳподҳои разми ва интиҳори ва ҳамчунин эҳдоси пули руи рудхонаи Арас, тасаруф ва кантроли ҷодаҳо ва тасаруфи иртифоъот ва тахриби ҳуҷумии бахшҳои мухталифи ин размоиш аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ягонҳои тупхонаи ва мушакии неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо бакоргирии тупҳои 122, 130 ва 155 милиметри ва ракетандозҳо ва мушакҳои нуқтазан бо истифода аз гулулаҳои ҳушманди аҳдофи аз пеш таъиншударо бо мувафақият мунҳадим карданд.

Дар ин размоиш барои нахустин бор насби шиновар ба манузри тарадуди неру ва таҷҳизот руи рудхона тамрин шуд.

Ягонҳо ва риштаҳои тахассусии неруи заминии Сипоҳ низ сенаряҳои амниятӣ ва дифоъиро ба сурати таркиби тамрин карданд.