Октябр 22, 2022 10:12 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири хориҷаи Арманистон бар аҳамияти тавсеаи ҳамкорӣ бо Эрон

Вазири хориҷаи Арманистон Эронро шарики муҳим барои ин кишвар тавсиф кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Арарат Мирзаян-вазири хориҷаи Арманистон рӯзи ҷумъа дар маросими ифтитоҳи сарконсулгарии Эрон дар Қопон дар устони Сионик, ки бо ҳузури Амирабдуллоҳиён-вазири хориҷаи Эрон баргузор шуд гуфт, Эрон ҳамвора шарики муҳими Арманистон будаву хоҳад буд.
Мирзаян гушоиш ва фаъолияти муассири сарконсулгарии Эрон дар Қопонро заминасози афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва тавсеаи равобити ду кишвар донист .
Дипломати аршади арманӣ бо ишора ба се даҳа равобити Арманистон ва Эрон гуфт  " Масире ки дар тӯли 30 соли гузашта пушти сар гузоштем бо тамоюли холисонаи мо барои тавсеаи равобити стротегии устувор бар рӯҳияи бародарӣ ва мушорикат наздик будааст . Итминон дорам аз ин пас талошҳои лозим барои таъмиқу тақвияти равобити судманд ба амал хоҳад омад . "
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён низ дар суханоне пас аз эъломи омодагии Эрон барои гушоиши сарконсулгарии Арманистон дар Табриз гуфт “ Эрон амнияти Арманистонро амнияти минтақа медонад . Сиёсати мо эҳтиром ба ҳокимияту тамомияти арзии Арманистон аст . "
Вазири хориҷаи Эрон вилояти Сионикро яке аз коридорҳои аслии Шимол ба Ҷануб донист ва гуфт:Мо Арманистонро яке аз масирҳои муҳими транзити Шимол - Ҷануб медонем ва барои тақвияту тавсеаи ин масир ҳаддиаксар ҳамкориро бо Арманистон хоҳем дошт .

Бештар бихонед :

 

Барчасп