Таҳлил: Таҳрмҳои ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон бар пояи иддаоҳои беасос
Иттиҳодия Аврупо рӯзи панҷшанбе 20 октябр таҳримҳои ҷадидро бар пояи иддаоҳои исбот нашуда дар бораи ҳузӯри паҳподҳои сохти Эрон дар Украина алайҳи Эрон эълок кард.
Ин Иттиҳодия эълом кард (сардори сарлашкар) Муҳаммадҳасани Боқирӣ раиси ситоди кулли нерӯҳои мусалаҳи Эрон, сардор Сайид Ҳуҷатуллоҳи Қурайшӣ масъули таъмин ва таҳқиқоти Вазорати дифои Эрон ва сардор Сайид Оқоҷон фармондеҳи воҳиди паҳподии нерӯи фазоии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва саноеӣ ҳавоии шоҳид дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор гирифтаанд. Намояндаи Чек дапр Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе дар Твиттер навишт: Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди иқдомоте алайҳи муасисоти таъмин кунандаи паҳподҳои эронӣ, ки дар ҳамла ба шаҳрҳои Украина нақш доранд, тавофуқ кардаанд. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирфтанд дороиҳо се фард ва як наҳоди масъули таҳвили паҳподҳоро масдуд кунанд ва ҳамчунин омода ҳастанд таҳримҳоро барои чаҳор ниҳоди эронӣ дигар, ки қаблан дар феҳристи таҳримҳо қарор доштанд тамдид кунанд.
Мақомҳои Украина ва кишварҳоир ғарбӣ ба вижа Амрико дар рӯзҳои гузашта муддаӣ шудаанд паҳподҳое, ки Русия бо истифода аз онҳо зерсохтҳои Украинаро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд сохти Эрон ҳастанд. Ин фазосозиҳо бо иддаоҳои мазҳаки Амрико алайҳи Эрон ҳамроҳ шудааст. Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Амрико панҷшанбе шаб иддаоҳои ҷадидро алайҳи Эрон ва Русия матраҳ кард. Пройс иддао кард: Метавонем таъид кунем, ки прансели низомии Русия мустақар дар Крима дар ҳоли парвоз додани паҳподҳои эронӣ ва истифода аз онҳо барои анҷоми ҳамалоти фаъол дар Украина будаанд ин мақоми амрикоӣ дар идома муддаӣ шуд: Дар рӯзҳои ахир арзёбии мо ин аст, ки прансели эронӣ дар Крима ҳузӯр доштаанд ва ба Русия дар анҷоми ин амалиётҳо кумак кардаанд. Муовини сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико низ рӯзи чаҳошанбе дар тадоввуми корзори расонаии Амрико ва тарҳи иддаои беасоси истифода аз паҳаподҳои эронӣ аз сӯйи Русия дар ҷанги Украина муддаии нақзи қатъномаи 2231 Шӯрои амният дар ин замина шуд.
Ҷумҳӯрии Исломии Эрон борҳо иддаоҳоро такзиб карда ва онро бахше аз ҷанги равонӣ ва таблиғотии Ғарб дар ростои Эронҳароси ва заминасози барои иқдом алайҳи Эрон аз ҷумла эъмоли таҳримҳои ҷадид донистааст. Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар хусуси иддаоҳои истифода аз паҳподҳои эронӣ дар ҷанги Украина гуфт: Мо бо Русия ҳамкории дифоъӣ дорем, аммо сиёсати мо дар қиболи ҷанги Украина, эҳтиром ба тамомияти арзии ин кишвар, адами ирсоли силоҳ ба тарафайни даргир, тавақуфи ҷанг ва поён додан ба оворагии мардум аст.
Ба назар мерасад ғарбиҳо аз ҷумла аврупоиҳо,ки мепиндоранд ошубҳо ва иғтишошоти ахир дар Эрон фурсати тиллои барои онҳо ба манзури ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон ва тавонмандии онҳо аз ҷумла санъати паҳподии қодир хоҳад буд то Теҳронро барои пазириши хостаҳояшон таҳти фишор гузошта ва дар айни ҳол ба заъми худ муҷиботи тазъифии Ҷумҳӯрии Исломии Эронро фароҳам оваранд.
Дар айни ҳол талоши ғарбиҳо дар ин замина бо ташкили нишасти ғайри алании Шӯрои амнияти Созмони Миллал низ ба ҷои нарасид. Дар пайи ин нишаст сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар баёнияе муддаӣ шуд шавоҳиди фаровоне дорад, ки паҳподҳои сохти Эрон тавассути Русия барои истифода дар ҷанги Украина ба манзури ҳамла ба шаҳрвандони ғайри низомӣ ва зерсохтҳои муҳими ғайри низоми ба коргирфта мешавад. Дар муқобил Русия борҳо ин масъаларо инкор кардааст. Демитри Пасков сухангӯи Кремлин рӯзи сешанбе дар посух ба ин, ки оё Русия аз паҳподҳои эронӣ истифода мекунад ё хайр гуфт : Маскав ҳеҷ иттилооте дар бораи истифода аз ин паҳподҳо дар ихтиёр надорад. Дар ин ҷанг бо Украина аз таҷҳизоти русӣ бо номҳои русӣ истифода мешавад.
Бадин тартиб мушахаст аст, ки ғарбиҳо аз ҷумла иттиҳодия Аврупо бо пайрави аз Амрико ба унвони саркардаи блуки Ғарб фақат ба дунболи баҳонаҷӯӣ барои иқдомоти зиддӣ эронӣ ҳастанд ва дар ин росто аз ҳар унвоне аз нақзи ҳуқуқи башр то содироти паҳпод ба Русия истифода мекунанд. Бо ин ҳол ин равияи аврупоӣ сирфан ба зарари худашон аст.
Нигоҳе ба савобиқи Амрико ва сиёсатҳои он нишон медиҳад, ки барои Вашингтон, ки ҳамвора бар мабнои манофеъи аҳдофҳои худ амал мекунад истифодаи абзори аз аврупоиҳо табдил ба як равия шуда ва ҳеҷ арзише барои иттиҳодияи Аврупо қоил нест. Лизо бозии Аврупоиҳо дар заминаи Амрико алайҳи Эрон дар ниҳоят сабаби нокомӣ ва шикаст барои онҳо хоҳад шуд.