Булдозерҳои ҷаҳаннамӣ; Наслкушӣ дар сояи таблиғоти Фейсбук
-
Булдозерҳои ҷаҳаннамӣ; наслкушӣ дар сояи таблиғоти Фейсбук
Порстудей - Артиши Исроил дар Фейсбук таблиғ мегузорад, то ронандагони булдозерро барои вайронсозии навори Ғазза ҷалб кунад.
Тасаввур кунед, ки шумо субҳи муқаррарӣ саҳифаи Фейсбук -и худро боз мекунед, вақте ки ногаҳон эълони қабул ба чашматон мерасад: ронандагони булдозер лозиманд! Музди ҳаррӯза 3000 шекел (882 доллар). Ба гузориши хабаргузории Порстудей, бо истинод ба рӯзномаи "Гардиан", дар аввал гумон мекунед, ки шояд ин як тарҳи сохтмонии бузург дар Тел-Авив ё Байтулмуқаддаси ишғолшуда бошад, аммо вақте ки ҷузъиётро мутолиа мекунед, дар ҳайрат мешавед; "Миссия: вайрон кардани хонаҳои Ғазза, бино ба бино." Ин ҳикояи афсонавӣ нест. Ин воқеияти имрӯзаи Фаластин аст.
Геноциди муосир, кортаъминкунии бераҳмона
Умар Бартов, пажӯҳишгари саҳюнисти амрикоӣ ва яке аз коршиносони саршиноси ҷаҳон дар бораи наслкушӣ, пас аз даҳсолаҳои омӯзиши фоҷеаҳои башарӣ, ҳоло эътироф мекунад: Ман дигар наметавонам тасвирҳои Ғаззаро таҳаммул кунам. Он чизе, ки дар Ғазза рух медиҳад, ҳатто барои як донишманди ҷангҳои ҷаҳонӣ қабулкарданӣ нест. Ӯ мегӯяд: 70 дарсади сохторҳои Ғазза ё нобуд ё вайрон шудаанд. Ҳар ҳафта садҳо биноро булдозерҳо ба тудаҳои хоку лой табдил мекунад ва ин дафъа на ба таври пинҳонӣ, балки дар саҳифаи оммавии Фейсбук ин нерӯҳо ҷалб карда мешаванд.
Музди ҳар хонае, ки шумо вайрон мекунед
Арва Маҳдавӣ, рӯзноманигори Guardian, як сафҳаи пур аз таблиғоти ронандагони булдозерро барои вайронсозии Ғазза дар Фейсбук пайдо мекунад. Баъзеҳо ҳатто дар як рӯз 882 доллар пешниҳод мекунанд, аммо нуктаи даҳшатноктараш ин аст: Шумо музди худро бино ба бино дарёфт мекунед: 2500 шекел барои хонаи хурд, 5000 шекел барои бинои калон.
Нео Гордон, профессори ҳуқуқи байналмилалӣ мегӯяд: "Булдозерҳо ҳоло ба аслиҳаи генотсид табдил ёфтаанд ва ин дафъа Исроил ҳатто дасти худро бевосита ба хун олуда намекунад; онро ба пудратчиёни ғайринизомӣ вогузор мекунад."
Як далеле, ки ҳеҷ кас бовар намекунад
Режими Исроил иддао дорад, ки ҳар хона дар Ғазза метавонад як паноҳгоҳи низомӣ бошад, аз ин рӯ ҳама чиз бояд ба хок яксон шавад. Режим дар тӯли моҳҳо беморхонаи Аш-Шифоро як қароргоҳи Ҳамос номид, аммо дар зери он чизе ёфт нашуд. Онхо бе ягон далел даххо мактабу масчидро вайрон карданд.
"Агар шумо як хонаро вайрон кунед, шумо метавонед онро асоснок кунед" бо хашм мепурсад Гордон. Аммо вақте ки шумо шаҳрро хароб мекунед, он дигар ҷанг номида намешавад; онро геноцид меноманд.
Сукути расонаҳо, марги Ҳақиқат
Дар ҳамин ҳол хабарнигорони хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Ғаззаро надоранд ва рӯзноманигорони фаластинӣ яке аз паси дигарӣ кушта мешаванд. Матбуоти ғарбӣ ё хомӯш аст ё бо иддаои Исроил розӣ аст. Аммо ин геноцид дигар махфӣ нест. Ҳоло ҳар як корбари Фейсбук метавонад дар саҳифаи худ бубинад: Чӣ гуна режим кушторро ба кори ҳаррӯза табдил додааст ва саволе, ки таърих рӯзе доварӣ хоҳад кард, ин аст:
Оё онҳое, ки дар курсии булдозер нишаста буданд, медонистанд, ки таърихи як миллатро аз байн мебаранд?