Даргирии размандагони нерӯи артиши Эрон бо ашрор ва қочоқчиён
Фармондеҳи қароргоҳи минтақаии шимолу шарқи нерӯи заминии артиши Эрон аз даргири бо ашрор ва дастгирии қочоқчиён дар марзӣ Тоибод хабар дод.
Ба гузориши Садои Хуросон, сартип Ризои Озариён фармондеҳи қароргоҳи минтақаии шимолу шарқи нерӯи заминии артиши Эрон гуфт, ки размандагони ин нерӯ бо анҷоми гашт ва камин дар минтақаи тапаи Санҷади дар навори марзӣ Тоибод монеъ аз вурӯди мутаҷовизон ва шаҳрвандони ғайри маҷоз ба кишвар шудаанд.
Фармондеҳи қароргоҳи минтақаӣ шимолу шарқии нерпҳои заминии артиши Эрон бо баёни ин, ки дар ин камин 10 нафар аз мутаҷовизон дастгир шудааанд афзӯд: Дар ҳангоми интиқоли ин афрод, гурӯҳе аз ашрор ва қочоқчиён ба рӯи нерӯҳои артиши Эрон оташ гушуданд, ки мунҷар ба шаҳодати яке аз сарбозони артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон шуд.
Амири Озариён тарсреҳ кард, дар ин даргири яке аз ашрор низ ба ҳалокат расид ва бақияи ашрор ба он тарафи марз мутавори шудаанд ва афроди дастгир шуда ҳам ба пушти марз мунтақил шудаанд.
Фармондеҳи минтақаи шимолу шарқи нерӯи заминии артиши Эрон таъкид кард, артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳушёртар ва тавонмадтар аз ҳамеша барои таъмини амнияти низомии Ҷумҳӯрии Исломӣ то пои ҷон истодааст.