Октябр 23, 2022 18:06 Asia/Dushanbe
  • Манотиқи озод ҳалқаи тақвияти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи луҷистик

Муовини ҳамлу нақли вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон манотиқи озодро фурсате барои тақвияти равобити ҳамлу  нақлӣ ва луҷистикӣ миёни Эрон ва ҳамсоягон донист ва аз азми Тоҷикистон барои афзоиши ҳамкориҳои транзитӣ бо Эрон хабар дод.

Шаҳриёр Афандизода, муовини ҳамлу нақли вазорати роҳу шаҳрсозӣ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии ин вазоратхона, аз баргузории нишасти муштарак бо қоиммақоми вазири тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон хабар дод.

Вай дар бораи мавзуоти матраҳ шуда дар ин ҷаласа бо ишора ба инки манотиқи озоди Тоҷикистон зермаҷмуаи вазорати тавсеаи иқтисодии ин кишвар аст, гуфт, тайи сафаре, ки ба даъвати давлати Тоҷикистон ба ин кишвар доштем, аз минтақаи озоди Кӯлоб боздид карда ва бо имконоту тасҳилоти манотиқи озоди Тоҷикистон ба вижа минтақаи Кӯлоб ошно шудем.

Вай хотирнишон кард, минтақаи Кӯлоб нақши муҳиму таъсиргузоре дар убӯри борҳо ба сӯрати ҷодаӣ аз мабдаи Чин ва интиқоли он аз тариқи рейл ба Эрон барои расидан ба мақсад дорад.

Афандизода бо ишора ба азми тоҷикҳо барои тақвияти равобити транзитӣ ва луҷистикӣ бо Эрон гуфт, қоиммақоми вазири тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон бо ибрози алоқамандӣ нисбат ба ҳузури тоҷирони эронӣ дар ҳавзаҳои ҳамлу нақл ва луҷистики Эрон, аз сармоягузорони кишварашон даъват кард то ба сармоягузорӣ дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон иқдом кунанд.

Муовини ҳамлу нақли вазорати роҳу шаҳрсозӣ афзуд, мо ҳам мутақобилан аз сармоягузорони Тоҷикистон даъват кардем то бо ҳузур дар манотиқи озоди Эрон, аз Бандари Чобаҳор ва банодири шимолии кишвар, аз ҷумла Амиробод ва Анзалӣ, ки дар манотиқи озод қарор доранд, боздид карда ва бо имконоту зарфиятҳои он ошно шаванд.

Вай манотиқи озодро фурсате барои тақвияти равобити ҳамлу нақлӣ ва луҷистикӣ миёни Эрон ва ҳамсоягон донист ва таъкид кард, дар баробари сармоягузории тоҷирон ва фаъолони эронӣ дар Тоҷикистон, Эрон ҳам тасҳилоте дар ҳавзаи ҳамлу нақл барои тоҷирони тоҷикӣ дар манотиқи озод дар назар хоҳад гирифт то ҳалқаи луҷистикӣ байни ду кишвар барқарор шавад.

 

Барчасп