Вокуниши Эрон ба баёнияи поёнии Иҷлоси сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, баёнияи ахири сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форсро дахолат дар умури Эрон ва талош барои фитнаангезиҳои фирқаӣ ва мазҳабӣ хонд.
Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ, дар вокуниш ба баёния 37-умин иҷлоси сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар Манома, гуфт, сиёсати Теҳрон бар мабнои усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва парҳез аз дахолат дар умури дигарон аст ва Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба ҷои тарҳи иттиҳомоти такрорӣ ва беасос, аз мудохила дар умури Эрон ва талош барои фитнаангезиҳои фирқаӣ ва мазҳабӣ даст бардорад.
Қосимӣ ҳамчунин бо радди иддаои ин шӯро дар бораи талоши Эрон барои сиёсӣ кардани фаризаи Ҳаҷ низ гуфт, монеатарошии Арабистон дар эъзоми ҳоҷиёни эронӣ ба фаризаи Ҳаҷ, мухолифи мивозини шаръӣ ва мисдоқи “Боздоштан аз роҳи Худо” аст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар вокуниш ба изҳороти Тереза Мей, нахуствазири Англия дар нишасти Манома, ки гуфта буд, кишвараш бо Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс зидди Эрон ҳамкорӣ мекунад, гуфт, бахше аз ин изҳорот ношӣ аз талоши Лондон барои бастани қарордодҳои ҳангуфти таслиҳоти ҷадид бо бархе кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ва дар ниҳоят, шиддат додан ба буҳронҳои ношӣ аз ҷиноёти ҷангии ин кишварҳо зидди миллатҳои мазлуми Яман, Сурия, Баҳрайн, Ироқ ва дигар кишварҳои исломии минтақа аст.