Октябр 24, 2022 10:06 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ дар вокуниш ба таҳримҳои Аврупо : Амволамро мусодира ва ангиштсанг бихаред

Раиси Ситоди кули неруҳои мусаллаҳи Эрон дар вокуниш ба таҳрими Иттиҳодияи Аврупо эълом кард: Амволамро мусодира ва ангиштсанг бихаред, чун зимистони сахте дар пеш аст .

Ба гузориши родиёи тоҷикии Садои Хуросон, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ- раиси Ситоди кули неруҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме хитоб ба аврупоиҳо  бо баёни инки асабонияти Амрико ва дунболаи он яъне Иттиҳодияи Аврупо қобили дарк аст, афзуд: Аз ибтидои пирӯзии Инқилоби исломӣ неруҳои мусаллаҳи Эронро дар руйхати таҳримҳо қарор доданд, аммо неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ аз ин таҳдид фурсат сохтанд .
Раиси Ситоди кули неруҳои мусаллаҳи Эрон тасреҳ кард, агар рӯзе онҳо сими хордоре ҳам аз размандагони эронӣ дареғ мекарданд, имрӯз барои хариди мӯшакҳои нуқтазан ва паҳподҳои эронӣ ، саф кашидаанд .
Сарлашкари Боқирӣ таъкид кард дар ҳақиқат ин аврупоиҳо ҳастанд, ки бо дар пеш гирифтани масири ба бунбастхурдаи арбобашон Амрико, дучори оризаи « худтаҳримӣ аз ҳақиқат » шудаанд.
Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ироаи пешниҳоди инсондӯстона ба Иттиҳодияи Аврупо ба онҳо ваколат дод дар иҷрои таҳриме, ки тадорук дидаанд, муҷозанд ҳамаи амволу дороиҳои сарлашкар Боқирӣ дар бонкҳои саросари ҷаҳонро шиносоиву мусодира ва сарфи хариди ангиштсанг барои шаҳрвандон аврупоӣ кунанд ; чун зимистони сахте дар пеш аст.

 

Барчасп