Октябр 24, 2022 11:41 Asia/Dushanbe
  • Рақобатҳои гуштини озоди умедҳои ҷаҳон ; Эрон нойиб-қаҳрамон шуд

Тими гуштини зери 23 соли Эрон бо касби 4 тилло ва як нуқра ва 134 имтиёз нойиб-қаҳрамони рақобатҳои ҷаҳонии Испания шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рақобатҳои гуштини озоди зери 23 соли ҷаҳонӣ рӯзҳои 29 меҳр то аввали обонмоҳ ( 21 - 23 октябр ) дар кишвари Испания баргузор шуд ва дар поён тими Эрон тавассути Муҳаммадсодиқи Фирузпур дар вазни 74 килограм, Амирҳусайни Фирузпур дар вазни 92 килограм, Амиралии Озарпиро дар вазни 97 килограм, Амирризо Маъсумӣ дар вазни 125 килограм ба медали тилло ва Амирмуҳаммади Яздонӣ дар вазни 70 килограм ба медали бринҷӣ даст ёфт .
Дар радабандии тимӣ Гурҷистон бо 141 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, Эрон бо 134 имтиёз нойиб-қаҳрамон шуд ва Амрико бо 112 имтиёз сеюм шуд .

 

Барчасп