Охирон хуршедгирифтагии соли 2022 имруз
Охирон хуршедгирифтагии соли 2022 имрус сешанбе ба вуқу хоҳад пайваст.
Хуршедгирифтаги ё кусуф ҳангоме рух медиҳад, ки сояи моҳ бар бахши аз замин биафтад ва дар натиҷа дар қисматҳои аз кураи замин қисмати аз моҳ қисмати аз хуршед ё тамоми онро аз диди нозири замин бипушонад.
Моҳ дар хуршедгирфтаги аз байни хуршед ва замин убур мекунад ин ҳаракат монеъи расидани нури хуршед ба замин мешавад ва ҳангоме, ки моҳ аз муқобили хуршед мегузарад сояи моҳ руи замин меафтад ва осмон торик мешавад.
Хуршедгирифтаги ба се шакли ҷузи ва ҳалқави рух медиҳад, ки дар ҳар як аз ин шаклҳо бахши аз хуршед ба истилоҳ мегирад.
Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс сокинони бахшҳои аз Осиё, Африқо ва Аврупо имруз имкони тамошои ин падидаи нуҷумиро хоҳанд дошт ҳарчанд, ки беҳтарин минтақа, Қазоқистон ва нимаи ғарбии Русия аст.
Ин хуршедгирифтаги дар Эрон низ то ҳади қобили мушоҳида хоҳад буд ва сокинони нимаи шимолии Эрон мавқеъияти беҳтари барои дидани ин кусуф доранд.
Ин хуршедгирифтаги ҷузи хуршед аз ҳудуди соати 13:30 ба вақти Теҳрон шуруъ мешавад ва то ҳудуди саоти 14 поён меёбад.
Ин хуршедгирифтаги бо чашм қобили мушоҳида нест.