Октябр 25, 2022 10:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон: Таҳқиқоти Созмони Миллал аз паҳподҳои иддаои дар Украина ғайриқонуни аст
    Ҳушдори Эрон: Таҳқиқоти Созмони Миллал аз паҳподҳои иддаои дар Украина ғайриқонуни аст

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ҳушдор дод: Таҳқиқоти ин паҳпод дар бораи иддаои беасос марбут ба истифода аз паҳподҳо дар ҷанги Украина дар чорчуби қатъномаи 2231 ғайри қонуни аст ва Созмони Миллал набояд бар асоси назароти кишварҳои ғарбӣ амал кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Амисаъиди Иравон, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард: Кишварҳои ғарбӣ талош мекунанд бар асоси тафсирҳои нодуруст ва гумроҳкунанда байни қатъномаи 2231 шӯрои амният ва истифода аз паҳподҳо дар ҷанги Украина иртиботи сохтаги барқарор кунанд дар ҳоле ки қатъномаи 2231 на содироти силоҳро манъ кард ва на ба дабирхонаи Созмони Миллали Муттаҳид дастуруламал ва зарфияти лозимро барои анҷоми ин таҳқиқот дода аст.

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милллал бо ирсоли номаи мустадал ба Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллал ва низ раиси шурои амнияти ин созмон, ки рунавишти он ба осонкунандаи қатъномаи 2231 Ирланд низ ирсол шуда аст. Мавозеъи сариъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди иттиҳомот ва иддаоҳои беасоси воридшуда аз суи се кишвари аврупоӣ Олмон, Англис, Фаронса ва Амрико дар мавриди истифода аз ин паҳподҳои мутаъалиқ ба Эрон дар ҷанги Украинаро ташриҳ кард.

Дипломати аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард: Амрико ва се кившари аврупоӣ талош карданд то аз тариқи интишори иттилоъоти нодуруст матолиби ғайримустанад гумоназаниҳои нодуруст ва тафсирҳои гумроҳкунанда худсарон ва ноқизи қатъномаи 2231 шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид байни ин қатнома ва истифода аз паҳподҳо дар ҷанги Украина иртиботи сохтаги барқарор кард то аз ин тариқ иддаои беасоси худро зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро тавҷеҳ кунанд.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид иддаоҳо ва мавозеъи зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди иддаои фуруши паҳпод ба Русия барои истифода дар ҷанги Украина, ки дар нишасти ҷумъаи гузашта 21 октиябр шурои амният матраҳ шудро қувё рад ва маҳкум кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп