Октябр 25, 2022 11:52 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо миллипушони Эрон
    Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо миллипушони Эрон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон мизбони аъзои тими миллии футболи зери 15 соли духтарони Эрон дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи футболи Эрон аъзои тими миллии футболи зери 15 соли Эрон меҳмони сафорати Эрон дар Тоҷикистон буданд.

Дар аввал Шукуфа Маҳини мудири тими миллӣ гузориш аз раванди фаъолиятҳои суратгирифта дар муддати ҳузури тим дар шаҳри Душанбе ироа намуд ва аз ҳимоятҳо ва пуштибониҳои сафири Эрон тақдир ва ташакур кард.

Дар идомаи ин дидори самимона Муҳаммадтақии Собири, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Шумо ба унвони насли ҷадид қатъан аз лиҳози илм, дониш ва савод бисёр пеш ҳастед ва мо низ аз лиҳози таҷруба аз шумо азизон пештар ҳастем барои сипари кардани роҳи дарозе, ки пеши руй доред бояд аз таҷрубиёти бузургон ва мурабиёни худ истифода карда ва дучори ғуру нашавед.

Вай изофа кард: Умедворам дар бозии фардо пируз шуда ва боиси шодии миллионҳо эронӣ шавед.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар поён изҳор дошт: Аз ғурузи дуруғ дури кунед ва ҳамвора бо талош кушиш кунед мувафақ бошед ҳамеша кумак кунед то тими Эрон мувафақт бошад.

Бози баробари Тоҷикистонро дасти кам нагиред ва бо тамоми қудрат ба масофи рақиби худ биравед ва пирузи майдон бошед.

 

Барчасп