Раисӣ: Амрико бояд дар бораи музокирот тасмим бигирад
(last modified Tue, 25 Oct 2022 08:47:15 GMT )
Октябр 25, 2022 13:47 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Амрико бояд дар бораи музокирот тасмим бигирад
    Раисӣ: Амрико бояд дар бораи музокирот тасмим бигирад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Теҳрон дар музокирот сухани худро бо мантиқ ва истидлол баён карда аст гуфт: Амрико бояд дар музокирот тасмим бигирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ  раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи мудирони аршади расонаҳои байналмиллалии узви иттиҳодияи хабаргузориҳои Осиё ва Уқёнусия дар Теҳрон таъкид кард давлати Эрон ба дунболи ҳақи Ҷумҳурии Исломӣ аст бар асоси он чи дар БарҶом матраҳ шуд ва бо нақз аз суи амрикоиҳо муваҷаҳ шуд.

Раисӣ бо баёни ин ки Аврупо ҳам ба таъадудои худ амал накард ва фақат Эрон ба таъаҳудоташ амал кард афзуд: Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ 15 бор ба таври расми эълом карда аст, ки фаъолиятҳои ҳастӣ Эрон ҳеҷ инҳирофи надорад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард Эрон мусамам аст, ки ҳуқуқи миллатро дунбол кунад ва рафъу хунсосозии таҳримҳоро ҳамзамон дар дастури кор дорад.

Раисӣ ҳамчунин бо баёни ин ки амрикоиҳо дар мувоҷеҳа бо Эрон барои чандумин бор дучори хато ва иштибоҳи шуданд изҳор кард Эрон имруз қудратмандтар аз ҳар замоне аст ва ҳузури бисёр муассир дар минтақа дошт ва банодорад ин ҳузури қудратмандонаро барои ҳимоят аз мазлумони ҷаҳон ва мардуми таҳти ситам ва озодхоҳон идома диҳад.

Раисӣ хотирнишон кард доштани ними аз ҷамъияти ҷаҳон, захираҳо ва манобеъи бисёр, шаклгирии иттиҳодияҳои минтақаи мили Шонхой ва Авруосиё ба ин минтақа қудрат бахшида ва ҳамкориҳои кишварҳои минтақа низ қудрати ҷадиди дар минтақа рақам зада аст.

 

Бештар бихонед: