Октябр 25, 2022 18:08 Asia/Dushanbe
  • Изофашудани чанд ниҳод ва фарди аврупоӣ дар феҳрасти таҳримии Эрон ба зуди
    Изофашудани чанд ниҳод ва фарди аврупоӣ дар феҳрасти таҳримии Эрон ба зуди

Вазири хориҷаи Эрон аз изофа шудани номи чанд ниҳод ва фард аз Иттиҳодияи Аврупо дар феҳрасти таҳримии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рузҳои оянда хабар дод.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон дар ҷаласаи ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Исломӣ, ки бо ҳузури ҳуҷатулислом вал муслимин Ғуломҳусейн Муҳсиниэжаи, раиси ситоди ва аъзо баргузор шуд бо ишора ба таҳрими 7 ниҳод ва 13 мақоми англисӣ аз ҷумла шабакаи телевизиониии Эронинтернашнол ва Би Би Си форсӣ ба ҷурми ташвиқ ба терор, хушунат ва ифротигароӣ, ки дар ҳафтаи гузашта аз суи Вазорати хориҷа сурат гирифт гуфт: Дар рузҳои оянда номи чанд фард аз Иттиҳодияи Аврупо низ дар феҳрести таҳримии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор хоҳад гирифт.

Таҳримҳои ёдшуда шомили мамнуъияти судури раводид ва вуруди шахсиятҳои таҳрими ба Ҷумҳурии Исломии Эрон манънамудани амвол ва дороӣ онҳо дар қаламрави таҳти салоҳияти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бастани ҳисобҳои бонкии онҳо дар низоми молӣ ва бонки Ҷумҳурии Исломии Эрон мешавад.