Ҳимояти Амрикову Ғарб аз режими саҳюнистӣ бузургтарин намунаи поймолсозии ҳуқуқи башар аст
(last modified Wed, 26 Oct 2022 04:41:50 GMT )
Октябр 26, 2022 09:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Амрикову Ғарб аз режими саҳюнистӣ бузургтарин намунаи поймолсозии ҳуқуқи башар аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи ишғолгарони саҳюнист ба шаҳри Ноблус дар каронаи ғарбии Фаластин, ҳимояти бе қайду шарти Амрикову Ғарб аз режими ғосиби саҳюнистиро бузургтарин намунаи поймолсозии ҳуқуқи башар донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа,Носири Канъонии Чофӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе бо ишора ба идомаи ҷиноятҳову иқдомоти террористии саҳюнистҳо дар Каронаи бохтарӣ аз ҷумлаи муҳосираву ҳамла ба Ноблус иқдоми ҷомеъаи байналмиллалӣ дар таваққуф ва маҳкӯмияти наслкушии саҳюнистҳо дар Фаластинро хостор шуд . Канъонии Чофӣ бо таҷлил аз муқовимати шуҷоъонаи мардум ба вижа ҷавонони фаластинӣ дар Байтулмуқаддас, Ҷанин ва Ноблус бар ҳимояти миллатҳову давлатҳои ҷаҳон аз муборизоти раҳоибахши мардуми Фаластин то поёни ишғоли ин сарзамин таъкид кард . Сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо интиқод аз мавозиъи риёкоронаву дугонаи Амрико ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар қиболи мавзӯъоти ҳуқуқи башарӣ тасреҳ кард : Ҳимояти беқайду шарти онҳо аз режими ғосиби саҳюнистӣ ва ҷиноёти рӯзмарраи ин режим зидди миллати мазлӯми Фаластин, бузургтарин намунаи поймолсозии ҳуқуқи башар аст, ки таи даҳаҳои тулонӣ дар ҳоли рух додан аст.