Октябр 26, 2022 12:06 Asia/Dushanbe
  • Зуҳури раванди ҷаҳони чандқутбӣ мутаваққиф намешавад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Зуҳури раванди ҷаҳони чандқутбӣ мутаваққиф намешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Спутник гуфт : Танҳо кишварҳои ғарбӣ ба мухолифати худ бо ташкили ҷаҳони чандқутбӣ идома медиҳанд, ҳарчанд ки наметавон ин равандро мутаваққиф кард .
Раисӣ афзуд : Марокизи қудрати зиёде дар хориҷ аз ҷаҳони Ғарб вуҷуд дорад; ин ҷаҳон аз тариқи созмонҳои минтақаӣ монанди Созмони ҳамкории Шанхай шакл хоҳад гирифт .
Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо ишора ба тақвияти ҳамкориҳо бо Русия гуфт : Тавсеаи равобит бо Русияро ҷиддӣ мегирему Эрон ба ҳимоят аз миллатҳои пойбанд ба озодӣ идома хоҳад дод .
Раисӣ дар идома хотирнишон кард : Тарҳи Амрико аз тариқи эҷоди таҳрим бар кишварҳо шикаст хӯрдааст, ҳамчунон ки Амрико ҳамин ҳоло ҳам мутаваҷҷеҳ шудааст, ки таҳримҳо дигар корсоз нест, бинобарин онҳо шурӯ ба истифода аз равишҳои дигар карданд.
Раиси ҷумҳури Эрон дар идома гуфт : Тероризми сойбирӣ(интернетӣ) акнун офати аслӣ аст .
Раисӣ тасреҳ кард, ки Амрико иғтишошотро дар Эрон созмондиҳӣ кард, аммо дар ин хусӯс иштибоҳи муҳосиботӣ кард .

 

Барчасп