Октябр 27, 2022 13:46 Asia/Dushanbe
  • Омирону тарроҳони ҷиноят дар Шоҳчароғ бо посухи ибратомӯзе мувоҷеҳ хоҳанд шуд

Раиси Ҷумҳурии Эрон дар паёме бо таслияти шаҳодату захмӣ шудани ҷамъе аз зоирони ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад бин Мусо ( ъ ) навишт : Дастгоҳҳои амниятӣ ва интизомӣ бо шиносоии ақабаҳои ин ҷинояти кӯр, ба омирону тарроҳони он посухи пушаймонкунандаву ибратомӯзе хоҳанд дод .

Рӯзи чаҳоршанбе фарди мусаллаҳе ба шеваи терруристҳои такфирӣ бо тирандозӣ аз беруни ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ ба мардуми дохили ҳарам ҳамла кард . Дар ин ҳамлаи террористӣ 15 нафар шаҳид ва 40 тан низ маҷрӯҳ шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ дар паёме ба ин муносибат навишт : Нидои мазлӯмияту иқтидори миллати Эрон ин бор дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо алайҳис-салом танинандоз шуду ҷинояти дигар бар сиёҳии ҷиноёти душманони инқилоби исломии Эрон афзуд .
Раиси ҷумҳӯри Эрон дар идома шаҳодату захмӣ шудани ҷамъе аз зоирони ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо алайҳис-салом дар ин ҳамлаи террористиро ба хонаводаҳои ин азизону ҳамаи мардуми Эрон таслият арз кард .
Раисӣ хотирнишон кард : Таҷриба нишон медиҳад душманони Эрон интиқоми истисол ва ба санг хӯрдани тирҳояшон дар эҷоди иншиқоқ дар суфӯфи муттаҳиди миллату пешрафти кишварро бо хушунат ва террор мегиранд .
Раиси ҷумҳӯри Эрон таъкид кард : Ин шарорат қатъан бепосух нахоҳад монд ва дастгоҳҳои амниятӣ ва интизомӣ бо шиносоии ақабаҳои ин ҷинояти кӯр ба омирону тарроҳони он посухи пушаймонкунандаву ибратомӯзе хоҳанд дод .

 

Барчасп