Амният хати сурхи неруҳои мусаллаҳи Эрон аст
(last modified Thu, 27 Oct 2022 12:09:30 GMT )
Октябр 27, 2022 17:09 Asia/Dushanbe
  • Амният хати сурхи неруҳои мусаллаҳи Эрон аст
    Амният хати сурхи неруҳои мусаллаҳи Эрон аст

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусалллаҳи Эрон гуфт: Амният, оромишм ва ҳифзи ҷону моли мардуми шарифи Эрон хати сурхи неруҳои мусаллаҳу сабур, муқтадир ва ҷон бар кафи Эрони исломи аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Муҳаммади Боқири, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо таслияти ҳодисаи террористии ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар шаҳри Шероз гуфт: Тарроҳон ва омилони ин ҷинояти душманона ба зуди дар камини неруҳои интизомӣ амниятӣ ва иттилоъотии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор хоҳад гирифт ва ба сазои аъмоли нангинашон хоҳанд расид.

Иқдомоти террористии рузи чаҳоршанбеи ДИИШ дар ҳамлаи мусалаҳона ба Шоҳчароғ ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар шаҳри Шероз маркази устони Форс ҷанбуи Эрон ба шаҳодати 15 нафар аз ҷумла 2 кудак ва захми шудани 27 нафар аз зоирон мунҷар шуд.

Ин иқдоми террористӣ, ки ДИИШ масъулияти онро бар уҳда гирифта аст бо маҳкумияти Созмони Миллали Муттаҳин ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон муваҷаҳ шуд.