Октябр 29, 2022 10:18 Asia/Dushanbe
  • Радди вуқуъи даргирӣ дар марзи Эрону Афғонистон

Манбаи огоҳи амниятӣ овозаҳои мунташиршуда перомуни вуқуъи даргирии миёни неруҳои эронӣ ва афғонистониро рад кард .

Манбаи огоҳи амниятӣ овозаҳои мунташиршуда перомуни вуқуъи даргирӣ дар манотиқи марзии шарқи кишвари Эрон миёни неруҳои ин кишвар ва афғонистониро рад кард .
Як манбаи огоҳи амниятӣ дар гуфтугу бо ИРНА, бо ишора ба нашри бархе овозаҳо перомуни вуқуъи даргирӣ дар марзҳои шарқии Эрон гуфт : Ҳеҷ амалиёту даргирӣ дар манотиқи марзии шарқи кишвар миёни неруҳои эронӣ ва афғонистонӣ вуҷуд надоштаву ахбори мунташиршуда дар ин бора дуруғ аст.
Ин мақоми амниятӣ афзуд : Дар рӯзҳои гузашта даргириҳое дар хоки Афғонистон ҷараён дошта, ки марбут ба амалиёти неруҳои афғонистонӣ дар умқ бар алайҳи мавозиъи гурӯҳаки террористии ДИИШ дар ин кишвар будаву иртиботе ба манотиқи марзии муштараки Афғонистону Ҷумҳурии исломии Эрон надорад .

 

Барчасп