Октябр 29, 2022 11:13 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Киев таҳти таъсири бархе сиёсатмадорони тундрави Аврупо қарор нагирад

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Димитрий Кулеба-ҳамтои украинии худ зимни радди иддаоҳои матраҳшуда дар бораи истифода аз паҳподҳои эронӣ дар ҷанги Украина ба ин кишвар тавсия кард, ки таҳти таъсири бархе сиёсатмадорони тундравии Аврупо қарор нагирад .

Ғарб ба раҳбарии Амрико аз моҳҳо пеш ҳамзамон бо ташдиди танишҳо дар ҷанги Украина иддаоҳои зиддиэрониро матраҳ карда, ки Теҳрон онро қотеъона рад мекунад .
Амрико дар ҳоле кӣ аз оғози ҷанги Украина то кунун ҳудуди 18 миллиард доллар таҷҳизоти низомӣ ба Украина ирсол кардааст, муддатҳост Эронро ба ирсоли паҳпод ба Русия дар ҷанги Украина муттаҳам мекунад, ки ин мавзӯ аз сӯи мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ба шиддат рад шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин гуфтугу дар мавриди охирин таҳаввулоти марбут ба буҳрони Украина ва мавзӯъоти дуҷониба табодули назар ба амал омад .
Амирабдуллоҳиён дар хусӯси иддаоҳои матраҳшуда дар хусуси истифода аз паҳподи эронӣ дар ҷанги Украина зимни радди қавии ин иддао таъкид кард : Ҷумҳурии исломии Эрон таҷрибаи ҷанги таҳмилии ҳаштсоларо пушти сар гузошта ва аз ин рӯ мухолифи ҷанг дар Украина, Яман ва дигар кишварҳо аст .
Вай хотирнишон кард : Мо бо Русия равобити хуб дорем ва аз гузашта ҳамкории дифоӣ доштаем, аммо сиёсати мо дар қиболи ҷанги Украина эҳтиром ба тамомияти арзии кишварҳо, адами ирсоли силоҳ ба тарафайни даргир, таваққуфи ҷанг ва поён додан ба оворагии мардум аст .
Амирабдуллоҳиён гуфт : Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон комилан равшану устувор бар стандарти воҳид ва мухолифат бо ҷанг аст .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Теҳрон барои баргузории ҷаласоти фаннӣ бо ҳузури коршиносони низомии байни ду кишвар бидуни ниёз ба ҳар гуна восита омодагӣ дорад .
Димитрий Кулеба-вазири умӯри хориҷаи Украина низ дар ин гуфтугуи телефонӣ зимни тақдир аз мавзеи Ҷумҳурии исломии Эрон бар таъкид дар адами ирсоли силоҳ барои бакоргирӣ дар ҷанг алайҳи Украина гуфтугуи ҳайати фаннӣ-низомии ду кишварро боаҳамият арзёбӣ кард .

Бештар бихонед :

 

Барчасп