Октябр 29, 2022 12:03 Asia/Dushanbe
  • Ривояте аз кӯдаки захмии ҳамлаи террористӣ дар Шероз ; барои Ортину танҳоиҳояш

Ортин-кӯдаки 6 сола аз рӯзи чаҳоршанбе, ки он узви ДИИШ хонаводаашро ба шаҳодат расонд, танҳо шуд то ривоятгари мазлӯмияти худаш ва тамоми шуҳадои ҳамлаи террористӣ бошад .

Ортини Саройдорони шашсола бояд ба ҷои инки аз дучархааш бигӯяд, ки дар зерзамини хона гузошта, то ҳар вақте дилаш хост савораш шавад ё аз ҳаяҷони бозӣ бо асбоби бозиҳояш барои дӯстонаш бигӯяд, ё аз қаламҳои рангияш бигӯяд, ки дар ҷузвдон гузошта то худое накарда гум нашаванду дасти ҳеҷ кас ба онҳо нарасад ; аз падар, модар ва бародараш мегуяд... аз онҳое ки ба фосилаи як чашм барҳам задан дар ҳодисаи террористии Шоҳчароғ шаҳид шуданд .
Ӯ мегуяд : « Туфанг зада буданд…бо момонам ، бобом, бародарам,омада будем зиёрат… доштем мерафтем савори мошинамун бшем, ки туфанг  задан… » .
Ҳоло ӯ бояд ба ҷой кашидан наққошиҳои як хонвводаи панҷнафара аз падар, модар, хоҳару бародараш  бори ғамеро ба дӯш бикашад . Ортин ҳоло танҳо шудаву танҳоиҳояшро шояд ҳеч кас дарк накунад .
Ҳамлаи террористӣ ба зоирини ҳарами ҳазрати Аҳмади ибни Мӯсо ( ъ )-бародари Имом Ризо-алайҳис-салом  тавассути душманони хунрез шоки ваҳшатноке барои ҳама буд, барои Шероз ва ҳатто ҳамаи Эрон доғи тоза асту сангин, аммо зиндагии хеле аз бозмондагон мисли Ортин ба қаблу баъди ин воқеа тақсим мешавад .
Ӯ дар арзи чанд дақиқа барои ҳамеша аз сояи падару оғӯши модар ва муҳаббати бародар маҳрум шуд.

 

Барчасп