Октябр 31, 2022 10:20 Asia/Dushanbe

Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон ба манзури ширкат дар ойини гушоиши ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистони шомгоҳи якшанбе вориди Душанбе-пойтахти ин кишвар шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадмеҳдии Исмоъилӣ бо истиқболи расмии Зулфия Давлатзода-вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадалии Киёнӣ ، мудири кулил ҳамкориҳои фарҳангӣ ва умӯри эрониёни хориҷ аз кишвари Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ ва дигари масъӯлони эрониву тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе вориди ин кишвар шуд .Ҳузур дар ойини гушоиши ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, дидор бо масъӯлони тоҷикистонӣ, аҳолии фарҳангу ҳунар ва эрониён, рӯнамоӣ аз албоми 24 асари нафиси хушнивисии устод Темурӣ, гушоиши ҳафтаи филми Эрон дар Тоҷикистон ва ғайра аз ҷумлаи барномаҳои Исмоъилӣ дар ин сафар аст.

Барчасп