Декабр 08, 2016 17:29 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба иҷлоси саросарии намоз дар Эрон

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёми худ ба 25-умин иҷлоси саросарии намоз дар Эрон таъкид карданд, бояд фаризаи намоз дар ҷойгоҳи шоистаи худ қарор гирад.

 

Дар паёми ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ки ҳуҷҷат-ул-ислом ва ал-муслимин Ҳусайни Ҳамадонӣ, имоми ҷумъаи шаҳри Караҷ онро дар оғози иҷлоси саросарии намоз қироат кард, омадааст: “Намоз дари боз бар рӯйи уммат аст, ки аз он метавон ба ҳидояту раҳмати Худованд расида, зиндагиро дар самту сӯйи дуруст ва саршор аз хайру баракат қарор дод”.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин паём таъкид кардаанд, саломати маънавии ҳар фард вобаста ба намоз аст ва сироти мустақиму ҳаёти табиии ҷомеа низ танҳо бо иқомаи намоз амалӣ мешавад. Эшон дар паёми худ афзуданд, таъкид ба иқомаи намоз дар китобу суннат, ҷуз ин ки ин боби раҳмат бар рӯйи фарду ҷомеаи мусалмон боз бимонад, ҳадафи дигаре надорад. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин таъкид карданд, масъулон, рӯҳонён ва мутаваллиёни таблиғу таълими дин ва низ ҳама қишрҳои мардум дар масъулияти иқомаи намоз шарик ҳастанд.

25-умин иҷлоси саросарии намоз субҳи панҷшанбе бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, имомони ҷумъаи устонҳо, фармондеҳони низомӣ, интизомӣ ва хонаводаҳои шаҳидон бо шиори «Намоз ва коҳиши осебҳои иҷтимоӣ» дар Маркази омӯзиши олии Имом Хумайнӣ (раҳ)-и Муҳаммадшаҳри Караҷи устони Албурзи Эрон оғоз ба кор кард.

 

Барчасп