Эрон 10 шахс ва 4 ниҳоди амрикоиро таҳрим кард
Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар баёнияе 10 фард ва 4 ниҳоди амрикоиро дар рӯйхати таҳримии худ қарор дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,дар ин баёния омадааст : Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони ашхос ва ниҳодҳои зерро ба далоили иртикоби фаъолиятҳои зидди ҳуқуқи башарӣ, дахолат дар умӯри дохилии Ҷумҳурии исломии Эрон, тарвиҷи хушунату иғтишош дар Эрон, таҳрику ташвиқи иқдомоти террористӣ, муқобила бо талошҳову фаъолиятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар мубориза бо терроризм ва дар ниҳоят афзоиши фишор бар миллати Эрон, ки намунаи тероризми иқтисодӣ аст, таҳти таҳрим қарор медиҳад .
Дар рӯйхати афроди таҳримшуда мақомоте чун Майкл Корилла, фармондиҳи ситоди фармондиҳии артиши Амрико дар минтақа(СЕНТКОМ), Грегори Гийо, муовини фармондиҳи СЕНТКОМ, Скотт Десормикс, фармондиҳи пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Арбили Ироқ, Хуан Сарате, раиси маркази қудрати молӣ ва иқтисодӣ дар Бунёди дифо аз демокрасиҳо ва муассисаи Американ антрпроис, Марк Уоллес, мудӣри иҷрои пойгоҳи Иттиҳоди алайҳи Эрони ҳастаӣ, Уолли Адимо, қоиммақом ва муовини иҷроии вазири хазонадории Амрико, Алексей Гринквик, фармондиҳи бригадаи нуҳуми неруи ҳавоии Амрико, Энн Ньюбергер, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳӯри Амрико дар ҳавзаи интернет ва фанновариҳои навзуҳӯр, Исаак Джонсон, фармондиҳи умӯри маданӣ ва амалиёти равонии артиши Амрико ва Брайан Нельсон, муовини иттилооти молӣ ва тероризми хазонадории Амрико қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин Бунёди иттиҳоди алайҳи Эрони ҳастаӣ мулаққаб ба (YoANI),Созмони иттилооти марказии Амрико ( СРУ ),бригадаи нуҳуми неруи ҳавоии артиши Амрико ва горди миллии Амрико; чаҳор наҳоде ҳастанд, ки дар рӯйхати таҳримҳои Вазорати хориҷаи Эрон мушоҳида мешаванд .
Ашхос ва ниҳодҳои фавқуззикр машмӯли мамнӯъияти судури раводид ва мамнӯъияти имкони вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии исломии Эрон,банд шудани ҳисобҳои бонкӣ дар низоми молӣ ва бонкӣ ва тавқифи амволу дороӣ дар қаламрави таҳти салоҳияти Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳанд буд .
Амрико дар паии иғтишошоти ахир дар Эрон зимни судӯри баёнияҳову изҳороти мудохилаҷӯёна дар чанд навбат иқдом ба таҳрими ашхос ва ниҳодҳои эронӣ кард . Иттиҳодияи Аврупову Англия низ таҳримҳоеро алайҳи Эрон ҷорӣ карданд, ки Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ва дар иқдомии мутақобил дар ду ҳафтаи ахир таҳримҳоеро алайҳи теъдоде аз ниҳодҳо ва ашхос дар Иттиҳодияи Аврупову Англия эълом кард .