Ноябр 01, 2022 15:30 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар маҷмӯъаи фарҳангӣ - торихии Саъдободи Теҳрон аз нахуствазири Арманистон истиқбол кард .

Эрону Арманистон бо тавваҷуҳ ба равобити деринаи ду кишвар пайвастагиҳои фаровоне доранд ; ин пешинаи мусбат дар абъоди мухталифи равобити ду кишвар ба рағми вуҷуди бархе мушкилоти ношӣ аз танишҳои минтақаӣ таъсигузор будааст .
Ба ҳамин далел Арманистон дар равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Эрон дар байни кишварҳои ҳамсоя аз ҷойгоҳи хубе бархурдор аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон, дар маросими расмии истиқбол ибтидо суруди миллии Эрону Арманистон навохта шуд ва сипас Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва Никол Пашиниён-нахуствазири Арманистон аз пеши низомиёни бахши ташрифот гузаштанд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва нахуствизри Арманистон ҳамчунин мақомоти олии ҳамроҳро ба якдигар муаррифӣ карданд .
Сарони ду кишвар илова бар дидору гуфтугӯ бо якдигар нишасти муштараки ҳайатҳои олии рутбаро низ баргузор карда ва дар нишастии матбуотӣ натоиҷи ройзаниҳои худро ташреҳ хоҳанд кард .
Никол Пашиниён ба даъвати Сайидиброҳими Раисӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафар кардааст.

 

Барчасп