Ноябр 01, 2022 20:03 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Русия чаҳор санади ҳамкори имзо карданд
    Эрон ва Русия чаҳор санади ҳамкори имзо карданд

Эрон ва Русия дар шонздаҳумин нишасти комисяи муштараки иқтисодӣ бо ҳадафи густариши равобити ду кившар чаҳор санади ҳамкори имзо карданд.

Шонздаҳумин комисяи муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Русия рузи душанбе бо ҳузури раисони эронӣ ва русӣ ин комися ва ҳайатҳои иқтисодӣ ба мизбонии Русия шуруъ шуд ва имруз сешанбе бо имзои санадҳои мухталиф ба кори худ поён дод.

Ба гузориши ИРНА, санади роҳбурдии рушди равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия имруз сешанбе ба имзои Ҷаводи Авҷи, вазири нефт ба унвони раёсати ҳайати эронӣ комисяи муштараки иқтисодии Эрон ва Русия ва Александр Новак, муъовини нахуствазири Русия расид.

Тафоҳуми гирифтани қарз барои барқисозии тарҳи хати роҳи оҳани Инчабурун-Гармсор низ байни Алӣ Фикрӣ, муъовини вазири умури иқтисод ва дороӣ ва раисӣ кулли созмони сармоягуозри ва кумакҳои иқтисодӣ ва фаннии Эон бо Владимир Иличов, муъовини вазири иқтисоди Русия имзо шуд.

Афзун бар ин тафоҳумномаи дуҷонибаи ҳамкориҳо дар бахши саломат байни Муҳаммадҳусайн Некном, мудири кулли ҳамкориҳои байналмиллалии вазорати беҳдоту дармон ва омузиши пизишкии Эрон ва Сергей Гулогулуов, муъовини вазиди беҳдошти Русия имзо шуд.

Ҳамчунин Муҳаммад Зиёр, мудири ҳолдинг энержии густариши Сино аз Эрон ва Михаил Силонтев, мудиромили ширкати давлатии прумиси риювомпурти Русия низ тафоҳумномаи ҳамкори барои иҷрои тарҳҳои EPC хатлулаи интиқоли фароварда имзо карданд.

Эрон ва Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вижа равобити иқтисодӣ, низоми, амнияти ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ҳамонанди муқобила бо якҷонибагароӣ Амрико иштироки манофеъи роҳбурди доранд ва ин аз омилҳои аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир буда аст.

 

Барчасп