Имзои ёдошти тафоҳуми ҳамкории Эрон ва Арманистон дар бахши энержи
Масъулони Эрон ва Арманистон бо имзои ёдошти тафоҳуми ҳамкории иқтисоди дар бахши энержи бо мубодилаи газу барқ (Бартер) байни ду кишвар то соли 2031 мувофиқат карданд.
Никол Панинян, нахуствазири Арманистон ба даъвати расмии Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз сешанбе дар садри ҳайати сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд.
Ба гузориши ИРНА, ин ёдошти тафоҳум дар ҳошияи сафари Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ба Эрон дар маҷмуъаи фарҳанги таърихии Саъдободи Теҳрон ба имзои масъулони аз Эрон ва Арманистон расид.
Ин санади ҳамкори дар бахши энержи аст, ки ба тамдиди қарордоди гази аз тариқи мубодилаи газ бо барқи иқтисоси дорад ва бар асоси он мубодилоти энержии ду кишвар то соли 2031 тамдид мешавад.
Эрон ва Арманистон бо таваҷҷуҳ ба равобити деринаи ду кишвар пайвастагиҳои фаровони доранд ин пешинаи мусбат дар абъоди мухталифи равобити ду кишвар бо вуҷуди бархи мушкилоти ноши аз танишҳои минтақаӣ таъсиргузор буда аст. Ба ҳамин далел Арманистон дар равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Эрон дар байни кишварҳои ҳамсоя аз ҷойгоҳи хуби бархурдор аст.