Ноябр 03, 2022 19:06 Asia/Dushanbe
  • Эрон НАТО-ро гуноҳкори аслии ҷанги Украина медонад

Устоди донишгоҳи Теҳрон гуфт : Эрон мехоҳад ҷанги Украина ба поён бирасад ва медонад, ки гуноҳкори аслии ин ҷанг НАТО аст ва НАТО ба тарафи Шарқ густариш ёфтааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Муҳаммади Марандӣ-коршиноси масоили сиёсӣ ва таҳлилгари аршад бо баёни инки Эрон медонад, ки муқассири аслии ҷанги Украинаву Русия НАТО аст, гуфт : НАТО ба тарафи Шарқ густариш ёфтааст ва ба Русия дар бораи густариши худ ба Шарқ дуруғ гуфтааст.
Марандӣ бо ишора ба инки Амрико собиқаи тӯлонӣ дар ҳимоят аз авомили ифротӣ дар саросари ҷаҳон дорад, густариши НАТО ба Шарқро барои Эрон ба манзалаи як таҳдид донист ва афзуд : Агар Украина дар вазъияти кунунӣ ба узве аз НАТО бадал шавад, онгоҳ метавон интизори густариши он ба Гурҷистон ва дигар кишварҳоеро, ки ба марзҳои Эрон наздик ҳастанд, дошта бошед . Густариши НАТО бархилофи манофеи Эрон аст .
Ин устоди донишгоҳи Теҳрон ҳамчунин ҷанг дар Афғонистонро ба манзалаи шикаст барои Амрико донист ва гуфт : Афроде чун Владимир Зеленский-раиси ҷумҳӯри Украина талош мекунанд аз абзорҳои таблиғотӣ барои кумак ба саноеъи низомии Ғарб истифода кунанд, ин мавзӯъ сабаб шудааст ин ширкатҳо ба мақодири зиёди манфиат дар Украина даст ёбанд .
Марандӣ бо ишора ба инки Амрико рӯ ба уфул аст ва маҳбубияти Байден ба хотири вазъияти бади иқтисодӣ ба шиддат коҳиш ёфтааст, тасреҳ кард : Ширкатҳои силоҳсозӣ Амрикоро идора мекунанд, бисёре аз мардуми Амрико ба хотири ин мавзӯъ қурбонӣ мешаванд .
 

 

Барчасп