Ноябр 03, 2022 19:36 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши сиюмин соли равобити Тоҷикистону Эрон

Дар таърихи 1 ноябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон ба ибтикори Маркази таҳқиқоти стратегии зери назари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва муассисаи фарҳангии мутолиъоту таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни Тоҷикистону Эрон бо номи “ 30 соли равобити Тоҷикистону Эрон : вазъият ва чашмандозҳо ” конфаронси муштараки байналмиллалӣ баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар конфаронси илмии ҳамкориҳои ҳамаи ҷонибаи байни Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои мухталиф барқарории равобити дипломатии беш аз 30 сола муаррифӣ шуд . Аксари коршиносон раванди мусбати ҳамкориҳоро баррасӣ карданд ва дастовардҳои арзишмандро ҳосили талошу иродаи сиёсии сарони олирутбаи ду кишвар донистанд . Дар поёни ин ҳамоиши байналмиллалӣ ду китоби коршиносони эронӣ ва тоҷикистонӣ дар заминаи равобити дуҷониба рӯнамоӣ шуд .

 

Барчасп