Иродаи Эрон барои қавӣ шудан, далели фитнаангезиҳои душманон аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, иродаи кишвар барои қавӣ шуданро далели фитнаангезиҳои душманон донист.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Саидиброҳими Раисӣ, дар нишасте чаҳор соата дар ҷамъ донишомӯзон ширкаткунанда дар аввалин давраи «урдуҳои роҳиёни пешрафт» изҳор кард, донишомӯзони эронӣ бо дидани пешрафтҳои бадаст омада хоҳанд донист, ки ҳарҷо бештар маҳдудият ва таҳрим доштем, бо ирода ва азми муҳаққиқон бештар пешрафт кардем ва ҳамин пешрафту ирода барои қавӣ шудан аст, ки душманро ба такопу барои тарроҳии тавтеаҳои ҷадид андохтааст.
Раисӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон пешрафтҳои бисёре дорад, ки умуми мардум ва ҳатто иддаи зиёде аз нухбагон, иттилооти дақиқу комиле аз онҳо надоранд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳаводиси ахири кишвар гуфт, иғтишошу талош барои баҳамрехтани Эрон бо эътироз фарқ дорад ва ҳатман бояд бо иғтишошот ва касоне, ки ноамнӣ эҷод мекунанд, бархӯрд шавад.
Раисӣ бо баёни инки имрӯз Эрон ва шаҳрҳои мухталифи кишвар амн ҳастанд, тасреҳ кард, амрикоиҳо ва душманони Эрон дунболи ин буданд, ки бо пиёда кардани намунаи корҳои худ дар Либия ва Сурия, кишварро ноамн кунанд, аммо шикаст хӯрданд.