Ноябр 06, 2022 16:49 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Шероз аз густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон

Шаҳрдори Шероз, маркази устони Форс (ҷануби Эрон), аз омодагии бистарҳои ин калоншаҳр ва истиқбол аз сармоягузорони тоҷикистонӣ дар заминаҳои мухталиф хабар дод.

Муҳаммадҳасани Асадӣ дар нишасти дуҷонибаи Тоҷикистону Форс, ки бо ҳадафи тақвияти равобити фарҳангӣ, гардишгарӣ, иқтисодӣ ва бо ҳузури бархе мақомоти устонӣ ва шаҳрӣ ва масъулони давлатӣ аз кишвари Тоҷикистон баргузор шуд, гуфт, масофати наздики кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва Шероз боиси иртибототи наздике байни ин калоншаҳр ва он кишварҳо шуда, ки бояд дар тақвияти иртибот байни кишвари дӯсту форсизабони Тоҷикистон ва Шероз низ талош кард.

Асадӣ бо қадрдонӣ аз номгузории маъобире дар Тоҷикистон ба номи бузургони шаҳири ин диёр, аз иқдоми мутақобил хабар дод ва афзуд, илова бар лузӯми тақвияти ҳамкорӣ ва муносибот дар ҳавзаҳои мухталифи гардишгарӣ, аз ҷумла гардишгарии саломат, шаҳрдории Шерози зимни омодагӣ барои эҷоди бистарҳо ва зарфиятҳои сармоягузорӣ, аз ҳузури сармоягузорони тоҷик дар Шероз истиқбол мекунад. Муҳаммад Фаррухзода, муовини ҳамоҳангии умӯри зоирону гардишгарии устондории Форс низ бо ишора ба фазои гуфтугӯ ба ҷиҳати наздикии сарзаминӣ ва забои форсӣ ба унвони мазияти рақобатӣ гуфт, кишварҳои форсизабон ба лиҳози сарзаминӣ ва забонӣ метавонанд бо ташкили коргурӯҳии вижа ба тақвияти қудрати худ дар абъоди мухталиф бавижа равобити иқтисодии худ дар Осиё Марказӣ бипардозанд.

Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази мутолиъоти стротежии раёсатҷумҳурии кишвари Тоҷикистон низ бо ёдоварии решаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳувиятии мардуми Тоҷикистону Эрон, бар ҷойгоҳи волои шахсиятҳои шаҳири шеъру адаби форсӣ дар ин сарзамин таъкид кард.

Маъруфҷон Абдураҳмон, дабири аввали иқтисодии сафорати Тоҷикистон дар Эрон низ бо ишора ба 30 соли равобити дипломатии ду кишвар аз равобити 6 ҳазорсолаи мардуми ин ду сарзамин ба некӣ ёд кард.

Дабири аввали иқтисодии сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо таъкид бар тақвияти муносиботи фарҳангӣ ва зарфиятҳои иқтисодӣ, барпоии намоишгоҳи маҳсӯлоти кишоварзии Форс дар Тоҷикистонро хостор шуд.