Ноябр 06, 2022 17:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши билети тамошогарони эронӣ барои бозии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, барои ҳар бозии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022 дар Қатар беш аз 11 ҳазор билет барои тамошогарони эронӣ ихтисос дода мешавад.

Ҷоми ҷаҳонии футболи Қатар, 22-умин Ҷом ҷаҳонӣ аст, ки аз 21-уми ноябр то ҳаждаҳуми декабри 2022 ба мизбонии кишвари Қатар баргузор хоҳад шуд ва тими миллии футболи Эрон, дар гуруҳи “B” бо Англия, Амрико ва Вейлс ҳамгурӯҳ аст.

Ҷоми ҷаҳонии футбол, пурбинандатарин рухдоди варзишӣ дар дунё аст ва ҳар чаҳор сол якбор барои мушаххас шудани қаҳрамони футболи ҷаҳон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Меҳдии Сафарӣ, муовини дипломасии иқтисодии вазорати умури хориҷаи Эрон дар дуюмин нишасти ҳамоҳангии вазирон ва дастгоҳҳои зирабт дар хусӯси ҳузури Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар афзуд, бо ҳамоҳангии анҷом шуда бо мақомоти қатарӣ, саҳмияи тамошогарони эронӣ дар мусобиқоти тими миллии футбол дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 ба беш аз ёздаҳҳазор билет афзоиш ёфтааст.

Дуюмин нишасти ҳамоҳангии вазирону дастгоҳҳои зирабт дар хусӯси ҳузури Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар рӯзи якшанбе бо ҳузури Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷа ва вазирону муовинони вазоратхонаҳои фарҳангу иршоди исломӣ, варзишу ҷавонон, роҳу шаҳрсозӣ, мироси фарҳангӣ ва гардишгарӣ, соири ниҳодҳо ва созмонҳои муртабит дар маҳали вазорати умури хориҷаи Эрон баргузор шуд.