Ноябр 07, 2022 09:57 Asia/Dushanbe

Тими Эрон бо ғалаба бар Ҷумҳурии Озарбойҷон шашуминбор қаҳрамони рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии кушти фарангӣ шуд.

Дар поёни дидори финоли рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии кушти фарангӣ 2022 ба мизбонии Ҷумҳурии Озарбойҷон шаби якшанбе тими Эрон бо натиҷаи 5 ба 5 ва бо имтиёзи мусбати 21 бар 19 аз садди тими Ҷумҳурии Озарбойҷон мизбони ин рақобатҳо гузашт ва шашуминбор қаҳрамонии мусобиқотро ҷашн гирифт.

Дар таърихи Ҷоми Ҷаҳонии кушти фарангӣ, ки аз соли 1880 собиқаи баргузори дорад тими Русия бо эҳтимоли қаҳрамонҳои Шӯравии собиқ бо 19 қаҳрамони рекорддор аст ва тими Эрон бо шаш,Кубо бо чаҳор ва Туркия бо се қаҳрамони дуввум то чаҳорум ҳастанд. Тими Украина 2,Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон якбор қаҳрамон шудаанд.