Вазири иттилооти Эрон: Инглис ҳазинаи ноамнсозии Эронро медиҳад
(last modified Wed, 09 Nov 2022 07:26:22 GMT )
Ноябр 09, 2022 12:26 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон ҳамчунин бо баёни ин, ки шабаки Эрон Интернешнл аз сӯйи дастгоҳои амниятии Эрон ба унвони Созмони террористӣ шинохба шудааст
    Вазири иттилооти Эрон ҳамчунин бо баёни ин, ки шабаки Эрон Интернешнл аз сӯйи дастгоҳои амниятии Эрон ба унвони Созмони террористӣ шинохба шудааст

Вазорати иттилооти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо ишора ба нақши душманон дар эҷоди иғтишошот дар кишвар гуфт, ки Инглис ҳазинаи ноамнсозии Эронро медиҳад.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҳуҷатулислом Сайид Исмоили Хатиб вазири иттилооти Эрон дар гуфтугӯ бо дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазарти Оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор кард, дар ҳаводиси ахири кишвар, дасти режими саҳюнистӣ дар иҷро, дасти Инглис дар таблиғ ва дасти режими саъуд дар ҳазина кардан ошкору возеҳ буд.

Ҳуҷатулислом Хатиб афзӯд: Эрон ҳаргиз мисли Инглис, пуштибони иқдомоти терроористӣ ва ноамнсозии соири кишварҳо нахоҳад буд вале таъаҳуд барои мамонеъат аз бурузи ноамнӣ дар ин кишварҳо ҳам хоҳад дошт, бинобарин Инглис ҳазинаи иқдомоти худро барои ноамн кардани Эрон хоҳад пардохт.

Вазири иттилооти Эрон ҳамчунин бо баёни ин, ки шабаки Эрон Интернешнл аз сӯйи дастгоҳои амниятии Эрон ба унвони Созмони террористӣ шинохба шудааст тасреҳ кард, авомили ин шабака таҳти таъқиби Вазорати иттилооти Эрон қарор хоҳанг гирифт ва ҳар навъ иртибот бо ин Созмони террористӣ ба унвони вурӯд ба ҳавзаи тероорстӣ ва таҳдиди амнияти миллиӣ талқи хоҳад шуд.

Бештар бихонед: