Иҷрои ҳукми эъдоми 2 узви гурӯҳаки террористии “Ҷайшуззулм” дар Зоҳидон
(last modified Wed, 09 Nov 2022 13:00:40 GMT )
Ноябр 09, 2022 18:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми эъдоми 2 нафар аз аъзои гурӯҳаки террористии “Ҷайшуззулм”
    Ҳукми эъдоми 2 нафар аз аъзои гурӯҳаки террористии “Ҷайшуззулм”

Ҳукми эъдоми 2 нафар аз аъзои гурӯҳаки террористии “Ҷайшуззулм” ба иттиҳоми иқдомоти террористӣ, эҷоди ноамнӣ, тирандозӣ ба неруҳои интизомӣ ва ба шаҳодат расонидани чаҳор нафар аз персонали марзбонии устони Систону Балучистон иҷро шуд.

2 нафар аз аъзои гурӯҳаки террористии “Ҷайшуззулм” ба номҳои Рошиди Балуч ва Исҳоқи Оскони, ба ҷурми анҷоми иқдомоти террористӣ, эҷоди ноамнӣ ва тирандозӣ ба неруҳои интизомӣ, ки ба шаҳодати 4 нафар аз неруҳои марзбонӣ ва маҷруҳ шудани теъдоде дигар аз персонали Фароҷо мунҷар шуда буд, рӯзи сешанбе эъдом шуданд.

Ба гузориши маркази расонаии Қувваи қазоия, яке аз иттиҳомоти ин 2 террорист, тирандозӣ ва ба шаҳодат расонидани 4 нафар аз персонали марзбонии Фароҷо будааст.

Бар асоси мустанадоти парвандаи ин 2 фард дар соли 2016 дар чанд амалиёти террористӣ дар минтақаи марзии Ҷабруку Риддики устони Систону Балучистон 4 нафар аз неруҳои марзбонии Фароҷоро ба шаҳодат расондаву теъдодеро маҷруҳ карда буданд ва дар соли 2017 низ дар ҳоле ки дар манотиқи марзии шарқи кишвар дар ҳоли ҷосусӣ ва ҷамъоварии иттилооти ягонҳои низомӣ ва интизомӣ буданд, боздошт мешаванд.

Дар мароҳили мухталифи таҳқиқоти парванда ин ду террористи узви гурӯҳаки террористии “Ҷайшуззулм” бо зикри ҷузъиёти наҳваву чигунагии узвият дар ин гурӯҳак ва амалиёте, ки дар он мушорикат доштандро бидуни ҳеҷ гуна таноқузе баён карда ва ба он эътироф карда буданд.

Додгоҳи инқилоби исломии Зоҳидон ин ду террористро барои анҷоми иқдомоти террористӣ ва эҷоди ноамнӣ ҳамчунин тирандозӣ ва ба шаҳодат расонидани 4 нафар аз персонали марзбонӣ ва масдум намудани теъдоди дигаре аз персонали Фароҷо ба эъдом маҳкум кард.