Ноябр 09, 2022 19:41 Asia/Dushanbe
  • Ҷавонони мусулмони Тоҷикистон ҳамлаи террористии ҳарами Шоҳчароғро маҳкум карданд

Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик дар маҳкумияти ҳамлаи террористии ДИИШ ба ҳарами ҳазрати Шоҳчароғ (а) баёнияе мунташир карданд.

Ба гузориши хабарнигори ИКНА, Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик бо судури баёнияе ҷинояти гурӯҳаки террористии ДИИШ дар ҳарами ҳазрати Шоҳчароғ (а) -ро маҳкум кард.

Матни баёния ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ман қатала нафсан биғайри нафси ав фасодин фил арзи факааннамо қаталан носа ҷамиъан (Моида 32)

Ҳодисаи террористии боргоҳи ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо (а) дар шаҳри Шероз, ки мунҷар ба шаҳодати теъдоде аз мардону занон ва кӯдакони бегуноҳ шуд, муҷиби таассур ва тааллум гардид.

Бар асоси иттилооти восила, дар миёни авомили аслӣ, ки мустақиман ба ин ҳодисаи хунин иртибот доштанд, мутаасифона зорибу омили тирандозӣ аз атбои кишвари Тоҷикистон будааст.

Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик зимни маҳкум кардани ин воқеаи ғамангез, аз омилону мусаббибони он эъломи безорӣ намуда ва бо миллати шарифи Эрону хонаводаҳои доғдида дар ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ менамояд.

Пурвозеҳ аст, ки миллати шарифи Ҷумҳурии исломии Эрон аз алоқамандии миллати мусулмон, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон нисбат ба мардуми шарифи Эрон огоҳ будаву сафи миллати тоҷикро аз террористҳои такфирӣ ҷудо менамоянд.

Яқинан омилону мусаббибони ин ҳодиса, алалхусус ҳомиёни ибрӣ – арабӣ - ғарбии онҳо ба сазои аъмоли нангинашон хоҳанд расид.

Ба назар мерасад, аз муҳимтарин авомили густариши тафаккури такфирӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, нуфузи мусалласи шуми ибрӣ – арабӣ – ғарбӣ ва .. мебошад, ки масъулони амр мебоист тадобири лозим дар хусуси ҳалли ин муъзали фарогирро иттихоз намоянд.

Дар поён аз Худованди мутаол барои шуҳадои ин ҳодисаи ғамангез улувви дараҷот ва барои бозмондагон сабри ҷамилу аҷри ҷазил масъалат дорем.

Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик

17 обони 1401

 

Барчасп