Раисӣ : Таҳрим ва бесуботсозӣ-ду хатои роҳбурдии душман аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Таҳрим ва бесуботсозӣ-ду хатои роҳбурдии душман дар бораи миллати Эрон буда, ки ҳамвора шикаст хурдааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи мардуми шаҳристони Покдашт, ҷанубу шарқи Теҳрон афзуд: Сиёсати таҳримии душман шикаст хурдаву сиёсати бесуботсозии кишвар ҳам монанди сиёсати таҳримӣ шикаст хурдааст . Раисӣ гуфт:Душман мехоҳад хизмат ба мардум набошад, тавсеа ва пешрафт набошад, ҷавондухтару писари эронӣ ҷойгоҳи рафеъи илмӣ ва иҷроӣ хидматгузори худро надошта бошад ва умед табдил ба яъс бишавад . Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кард,ки душман намехоҳад донишмандони Эрон қуллаҳои илмиро фатҳ кунанд ва дар минтақаи ғарби Осиё ҳарфи аввалро бизанад . Раиси қувваи муҷрияи Эрон афзуд : Эҷоди яъс дар мардум хостаи душман аст, аммо инқилоби исломӣ ба мардум умед медиҳад ва эҷоди яъс дар ҷомеъаи Эрон як нусхаи ғалати душман мебошад,Ин як хатои роҳбурдии душман аст, ки душман дорад дучори он мешавад.