Тими миллии ҷудуи нобиноён ва камбиноёни Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуд
Тими миллии ҷуду(дзюдо)и нобиноён ва камбиноёни Эрон бо касби 3 медали тилло ва як нуқра қаҳрамони ҷаҳон шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар рӯзи поёнии мусобиқоти ҷудуи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар шаҳри Боку- пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд,Ваҳиди Нурӣ дар финали тамомэронии вазни ба изофаи 100 килограм Муҳаммадризо Хайруллоҳзодаро шикаст дод, то тими миллии Эрон соҳиби як медали тилло ва як нуқра дигар шавад .
Пештар Майсами Банитабо дар вазни 60 килограм ва Ваҳиди Ҷиддӣ дар вазни 73 килограм ду нишони тилло барои Эрон ба армуғон оварда буданд .
Тими миллии ҷудуи нобиноён ва камбеноёни Эрон дар маҷмӯъ бо касби 3 медали тилло ва як нуқра дар ҷойгоҳи нахусти ҷаҳонӣ истод ва Фаронсаву Бразилия ҳам дар ҷойгоҳҳои дувум ва сеюм қарор гирифтанд .
Мусобиқоти Боку интихобии олимпиядаи Порис низ буд .