Далели қонунӣ барои боздошти Ҳамиди Нурӣ дар Шветсия вуҷуд надорад
Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон гуфт : Ҳудуди ҳазору сад рӯз аст, ки аз боздошти ғайриқонунии Ҳамиди Нурӣ-шаҳрванди Эрон дар кишвари Шветсия мегузарад ва ин фард дар ҳуҷраи инфиродӣ ва бо шароити комилан ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Ҳамиди Нурӣ-шаҳрванди Эрон 9 ноябри 2019 дар оғози вуруд ба Шветсия ба манзури ҳаллу фасли ихтилофоти хонаводагии духтархондааш аз сӯи неруҳои амниятии ин кишвар боздошт шуд . Нурӣ аз сӯи додситонии Шветсия ба даст доштан дар ҳаводиси иддаоии марбут ба 34 соли пеш дар Эрон муттаҳам шудааст ва шокиёни ин парванда низ умдатан аъзои гурӯҳаки террористии мунофиқин ҳастанд. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Масъуди Ситойишӣ-сухангӯи қувваи қазоияи Эрон дар бораи вазъияти шаҳрванди эронии боздоштӣ дар Шветсия афзуд : Дар ду моҳи гузашта фақат як бор он ҳам ба муддати панҷ дақиқа бо хонаводаи худаш ба сурати телефонӣ муколама кардааст . Ситоишӣ бо баёни инки баргузории муҳокимаи шаҳрванди эронии боздоштшуда дар Шветсия ноодилона ва фароянди додрасӣ аз назари Ҷумҳурии исломии Эрон торик аст, тасреҳ кард : Ин шаҳрванди Эрон дар банди зиндони Шветсия мавриди зарбу лат қарор гирифта, ки нигаронкунанда аст . Бо вуҷуди ҳамаи пайгириҳои суратгирифта ва ваъдаҳои додашуда, маҳдудиятҳои ғайриқонунии эҷодшуда дар бораи Ҳамиди Нурӣ ҳамчунон идома дошта ва вай илова бар инки дар ҳуҷраи инфиродӣ нигаҳдорӣ мешавад, ҳануз ҳам имкони дастрасӣ ба чашмпизишкро дар ихтиёр надошта, иртиботи ӯ бо хонавода ба шиддат маҳдуд буда ва ҳатто ҳаққи мутолиа низ аз ин шаҳрванди Эрон гирифта шудааст .