Ноябр 12, 2022 20:52 Asia/Dushanbe
  • Парвозҳои Машҳад ва Теҳрон ба Душанбе афзоиш ёбад

Масъулони гардишгарии Тоҷикистон хостори коҳиши нархи билет ва тасҳил ва афзоиши теъдоди парвозҳо аз Машҳаду Теҳрон ба Душанбе, пойтахти ин кишвар шуданд.

Алиасғари Шолбофиён, муовини гардишгарии вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноти дастӣ, ки ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар дидорҳое бо масъулони ин кишвар бар тавсеа ва тақвияти ҳавзаи гардишгарӣ байни Эрону Тоҷикистон таъкид кард.

Шолбофиён дар дидори Тоҷиддин Ҷӯразода раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Камолиддин Муъмин, муовини аввали раиси кумита ва Салим Давлатзода, мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи гардишгарӣ шуд.

Дар ин дидорҳо масъулони гардишгарии Эрону Тоҷикистон бар тавсеаи равобити гардишгарӣ таъкид доштанд ва бар асоси мулоқотҳое, ки аз қабл доштанд, таъкид бар ин буд, ки мулоқотҳо мунҷар ба ақди қарордод ва барномаҳои амалиётӣ байни бахшҳои хусӯсӣ шавад ва бо тасҳил ва бардоштани мавонеъ роҳҳои ҳамкории ин ду кишвар дар ҳавзаи гардишгарӣ тақвият шавад.

Бо таваҷҷуҳ ба барқарории парвоз байни ду кишвар аз Машҳаду Теҳрон ба шаҳри Душанбе, ки ба сӯрати ду рӯз дар ҳафта анҷом мешавад, масъулони Тоҷикистон дархости тасҳили парвозҳо ва коҳиши нархро бо ҳадафи афзоиши теъдоди парвозҳо доштанд.

Лағви раводид барои ду тараф ба манзури ҷазби гардишгари бештар ва тасҳили рафту омади ҷодаӣ ва рейлӣ, меҳвари баъдии нишасти масъулони гардишгарии Эрону Тоҷикистон буд, ки бо таъкид бар анҷоми роҳкорҳои ҷаззобу нав дар ҳавзаи гардишгарӣ, аз ҷумла ривоятгарӣ ва муаррифии фарҳанг, таърих ва тамаддуни байни ду кишвар анҷом шавад.

 

Барчасп