Истиқболи Раисӣ аз тамоюли Русия барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ
(last modified Sun, 13 Nov 2022 05:13:52 GMT )
Ноябр 13, 2022 10:13 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Раисӣ аз тамоюли Русия барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ
    Истиқболи Раисӣ аз тамоюли Русия барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо истиқбол аз тамоюли Русия барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон густариши пайвандҳои зерсохти аз ҷумла тақвият ва тавсеаи хатҳои иртиботи дар ҳавзаҳои Аруосиёро сабаби равнақи равобити тиҷорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ Сайид Иброҳими Раисӣ асри шанбе дар посух ба тамоси телефонии Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия аз тамоюли Русия барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол кард ва густариши пайвандҳои зерсохти аз ҷумла тақвият ва рушди хатҳои иртиботи дар ҳавзаҳои Авруосиёро сабаби равнақи равобити тиҷорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа донист.

Вай бо ишора ба афзоиши рафтуомадҳои дипломатик ва иқтисоди миёни ду кишвар ройзаниҳои сиёсӣ ва иқтисодиро дар иртиқои сатҳи равобит ва тақвияти ҳамкориҳои байни ҳамдигар ҳоизи аҳамият донист.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия низ дар суҳбати телефонӣ бо таъкид бар ҷойгоҳи махсуси ҷуғрофиёӣ Эрон каридури шимол-ҷанубро дар коҳиши замон ва ҳазинаҳои ҳамлу нақл бори муассир донисту гуфт: Ин масири транзити ба масири ҷазоб барои иқтисод ва тиҷорати ҷаҳони табдил  хоҳад шуд.

Путин ҳамчунин бо ишора ба сафари ҳайати 100 нафараи тоҷирони Русия ба Теҳрон ба унвони сафари севуми ҳайати бузурги иқтисодии Русия ба Эрон хотирнишон кард: Эрон ва Русия зарфиятҳо ва заминаҳои фаровонӣ барои густариш таъомулот бо якдигар доранд.

Раиси Ҷумҳурии Русия бо ишора ба ҳодисари террориситии Шероз як бори дигар бо давлат ва миллати Эрон ибрози ҳамдарди ва терроризмро дар ҳар шакли маҳкум кард.