Ноябр 13, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 45 дарсадии транзити коло аз Хуросони ҷанубии Эрон ба Афғонистон
    Афзоиши 45 дарсадии транзити коло аз Хуросони ҷанубии Эрон ба Афғонистон

Транзити коло аз устони Хуросони ҷанубии Эрон ба Афғонистон дар ҳафт моҳи гузашта 45 дарсад афзоиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абоси Ҷурҷонӣ мудири кулли санъат, маъдан ва тиҷорати Хуросони ҷанубии Эрон гуфт дар 7 моҳи гузашта 2504 мошини борбари ба вазни 72 ҳазор тонна коло аз ин устони шарқии Эрон ба Афғонистон транзит шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл аз назари вазн 45 дарсад афзоиш ёфта аст.

Ҷурҷонӣ афзуд: Дар ин муддар орд, шакар, сузишвори ва нахуд аз кишварҳои Русия, Ҳинд, Инданезия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия аз тариқи гумруки Моҳируд ба Афғонистон транзит шуда аст.

Хуросони ҷануби дар шарқи Эрон ба унвони севумин устони паҳновари Эрон дар ҳамсоягии устони Фароҳи Афғонистон 331 километ марзи муштарак бо ин кишвар дорад ва дорои чаҳор бозорчаи марзӣ ба номҳои Гулурда дар шаҳристони Дармиён, Дукуҳона дар шаҳристони Наҳбандон, Яздон дар шаҳристони Зеркуҳ ва Моҳируд дар шаҳристони Сарбеша аст.

Поёнаи марзии Моҳируд дар шаҳристони Сарбеша фаъолтарин марзи устони Хуросони ҷанубии Эрон дар солоҳи ахир буда аст.

 

Барчасп