Омодагии уммониҳо барои мизбонӣ аз корхонаҳои эронӣ
Муовини вазири тиҷорату санъати Уммон омодагии Масқатро барои ҳузури корхонаҳои эронӣ дар он кишвар эълом кард.
Равобити Эрону Уммон дар чанд даҳаи ахир бо вуҷӯди танишҳои дар Халиҷи Форс ва талоши Амрико барои ташдиди Эронҳаросӣ, ҳамвора равобити мубтанӣ бар эҳтирому манофеи мутақобил будааст.
Саидризо Фотимии Амин, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар дидори Солеҳ бин Саъидмусин, муовини вазири тиҷорат ва санъати Уммон дар Теҳрон, бо ишора ба омодагии Эрону ширкатҳо ва корхонаҳои эронӣ барои сармоягузорӣ дар Уммон гуфт, акнӯн яке аз корхонаҳои тавлиди лавозими хонагӣ, омодаи эҳдоси хати тавлид дар Уммон аст.
Фотимии Амин, ба рушди 70 дарсадии тиҷорати Эрону Уммон дар ҳафт моҳи гузашта, ишора ва хотирнишон кард, бештари мавориде ки дар сафар ба Уммон бо ҳамтоёни уммонӣ тавофуқ шуда буд, муҳаққақ шудаасту мавориде низ боқимонда, ки ниёз ба пайгирии бештар дорад.
Солеҳ бин Саидмусин низ дар ин нишаст, сармоягузории корхонаҳои эронӣ, аз ҷумла дору ва лавозими хонагиро дар Уммон хостор шуд.
Вай афзуд, Уммон , тасҳилоти вижаи молиётӣ ва тарофаӣ барои эрониҳо дарназар гирифта ва ҳозир аст дар ҳар нуқтае, ки тарафи эронӣ моил бошад, замин барои эҳдоси корхона ва хати тавлид дар ихтиёраш қарор диҳад.
Солеҳ бин Саидмусин гуфт, қарор аст дар Уммон шаҳраки пизишкӣ таъсис шавад ва имрӯз ба ин ширкати эронӣ пешниҳод дода шуд ба унвони аввалин ширкат дар ин шаҳрак кори худро барои тавлиди дору оғоз кунад.
Бештар бихонед: