Пешниҳоди корбарони эронӣ: Тоҷикистон мизбони тимҳои эронӣ бошад
Корбарони яке аз пуртарафдортарин сойтҳои варзишии Эрон пешниҳод карданд, бозии тимҳои Эрон бо Арабистон дар чорчӯби рақобатҳои Лигаи қаҳрамонони Осиё дар Тоҷикистон баргузор шавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки тимҳои Эрону Арабистон бояд дар кишвари бетараф бо ҳам бозӣ кунанд, корбарони эронии сойти “Варзиши 3”, ки аз мӯътабартарин сойтҳои варзишӣ дар Эрон аст, Тоҷикистонро муносибтарин макон барои баргузории бозии тимҳои Эрон бо ҳарифони арабистонии худ донистанд. Ба эътиқоди футболдӯстони эронӣ, пайвандҳои фарҳангию забонӣ, шароити мушобеҳи обуҳавоӣ ва наздикии масофа аз муҳимтарин далоиле аст, ки кишвари Тоҷикистонро ба мизбони муносиб барои бозии тимҳои эронӣ табдил мекунад.
Ба гузориши сойти “Варзиши 3”, масъулони эронӣ дар бораи мизбонии эҳтимолии Тоҷикистон гуфтаанд, ки агар тиме аз Эрон чунин тамоюлдошта бошад, бояд бо эъзоми намоянда ба Тоҷикистон ва баррасии имконоти ин кишвар ба суръат парвандае дар Конфедератсияи футболи Осиё боз кунад, то онҳо низ намояндагони худро барои боздид ба ин кишвар бифиристанд ва марҳалаҳои додани ҳаққи мизбонӣ оғоз шавад.