Тасвиби куллиёти тарҳи таъсиси Созмони миллии иқомат дар маҷлиси Эрон
Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломии Эрон куллиёти тарҳи таъсиси Созмони миллии иқоматро тасвиб карданд . Ҷузиёти ин тарҳ барои баррасии бештар ба комиссиюни умӯри дохилӣ супурда шуд .
Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон, ин тарҳ бар асоси таҷрибиёти ҷаҳонӣ ва бо тавваҷуҳ ба шароити ҷуғрофиёии Эрон танзим шудааст ва рӯйкарди он сомондиҳии шаҳрвандони хориҷӣ аст .
Бар асоси ин тарҳ ҳамон тавр, ки эрониён барои дарёфти корти миллии бояд ангуштнигорӣ шаванд, шаҳрвандони хориҷӣ ҳам бояд ангуштнигорӣ ва чеҳранигорӣ шаванд ва DNA-и онҳо мушаххас шавад .
Дар сурати тасвиби ниҳоии ин қонун ҳар як аз шаҳрванди хориҷӣ барои вуруду убӯр аз Эрон бояд сабти ангушту чеҳранигорӣ шаванд . Маҳали зиндагӣ ва кори хориҷиҳо бояд мушаххас бошад ва корфармои онҳо ҳам бояд мулзам ба ироаи гузориш дар сомонаи электроникӣ шавад.