Ноябр 15, 2022 19:05 Asia/Dushanbe
  • Теквандокори эронӣ барандаи медали биринҷии рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон
    Теквандокори эронӣ барандаи медали биринҷии рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон

Намояндаи вазни -80 килограми Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Мексика барандаи медали биринҷи шуд.

Ба гузориши ИРНА, Меҳрони Бархурдори намояндаи вазни -80 килограми Эрон дар биступанҷумин даври рақобатҳои теквандои қаҳрамонии ҷаҳон тавонист ба нишони биринҷи бирасад.

Биступанҷумин даври рақобатҳои теквандои қаҳрамонии ҷаҳон аз рузи душанбе бо ҳузури 755 теквандокор аз 120 кишвар ба мизбонии Мексика дар салони Митрополити шаҳри Гвадахалара оғоз шуда аст.

 

Барчасп